Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони яке аз ёрони Хӯҷа Каримов


Додгоҳи вилояти Хатлон Шӯҳрат Раззоқов, як тан аз ёрони фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримовро бо ҷурми куштани чандин нафар дар солҳои 90 ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Аммо бар асоси қонуни афв, 5 сол аз ҳукми тӯлонии ин ҷангии собиқ ихтисор шудааст. Худи Хӯҷа Каримов ҳам 10 сол боз дар хориҷ аз кишвар дар ҳоли фирор ба сар мебарад ва Душанбе тавассути Интерпол ӯро ҷустуҷӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG