Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳар сол рӯзи 20-уми феврал дар саросари ҷаҳон ба унвони рӯзи “Адолати иҷтимоӣ” таҷлил мешавад.

Рӯзи "адолати иҷтимоӣ" ҳанӯз соли 2007 аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ва бо пешниҳоди давлати Қирғизистон пазируфта шудааст.

Ҳадафи СММ аз эълони ин рӯз расидагӣ ба мушкили қишри камбизоат ё фақири ҷомеа мебошад, ки дастрасии онҳо ба манобеи аслии зиндагиву рушд хеле маҳдуд аст.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ дар паёми худ дар рӯзи адолати иҷтимоӣ гуфтааст, "миллионҳо сокини олам дар соли гузашта норозигии худро аз фасоди молӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва камбуди ҷойи кор муносиб иброз доштанд. Ин ташаббуси оммавӣ даъват ба адолати иҷтимоӣ аст."

Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба дунболи он ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шикофи байни синфи доро ва камбизоатро ба маротиб бузургтар кард. Дар ин раванд синфи аз ҳама муҳим ва пешбарандаи аслии ҳар ҷомеа -- синфи миёна низ тақрибан суқут кард. Оилаҳои худкифо бебизоат шуданд ва бебизоатҳо камбағалтар.

Ба қавли ҷомеашиносон, феълан дар Тоҷикистон наздик ба 45 дарсади мардум фақир буда, 3 дарсад сарватманданд ва бахше кӯчаки аз 50 дар сади боқимонда ба синфи миёнаҳол шомил мешаванд.

Ба гуфтаи онҳо, фасоди густарда дар мақомоти мухталиф мисли "садди чинӣ" миёни афроди сарватманду нодор мебошад, ки якеро аз дигаре дар ҳоли дур андохтан аст.

Аммо мардуми нодор ва қишри пойин аз хатти фақр дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ мубориза барои дарёфти ҳаққи худ ва адолати иҷтимоиро канор нагузоштаанд. Ҳарчанд дар аксар маврид ин талошҳои ҷудогона номуваффақ анҷом гирифтааст.

Навори зер моли "Озодӣ" аст, ки як соли пеш дар рӯзи "адолати иҷтимоӣ" таҳия шуда буд. Дар ин навор талошҳои як гурӯҳ мардуми Душанбе барои аз даст надодани сарпаноҳашон намоиш дода мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG