Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ва Бритониё аз Исроил хостанд, ба Эрон ҳамла накунад


Сардори ситоди муштараки Нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида Мартин Демпсӣ ва вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг аз Исроил даъват карданд, барномаи ҳастаии Эронро ҳадафи зарба қарор надиҳад. Дар мусоҳиба бо телевизиони CNN Демпсӣ гуфт, Исроил қодир аст, ба Эрон зарба занад, вале ҳама гуна ҳамла барномаи ҳастаии Эронро “мумкин аст, як-ду сол” ақиб андозад. Ҳейг дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ҳамлаи ҳарбии Исроил ба Эрон дар ин марҳила кори оқилонае нахоҳад буд. Ҳарду гуфтаанд, бояд ба таҳримҳои байнулмилалӣ фурсати бештаре дод, ки асар гузоранд.
XS
SM
MD
LG