Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар созиши ҳизбҳои сиёсии Олмон роҳиб ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Олмони Шарқӣ Йоахим Гаук раисиҷумҳури нави Олмон хоҳад шуд. Ин тасмим пас аз истеъфои Кристиан Вулф зимни моҷарои фасод гирифта шуд. Ин истеъфо зарбае ба сарвазири Олмон Ангела Меркел аст, ки тарафдори сарсахти Вулф буд ва он ҳам дар ҳоле ки аксари олмониҳо дар интихоботи соли 2010 аз рақиби ӯ Йоахим Гаук ҳимоят мекарданд. Акнун дарёфти номзади мақбули ҳамаи тарафҳо мушкил аст, зеро яке аз ҳизбҳои эътилофи ҳоким – Демократҳои озод ба ҳизбҳои мухолифи Сотсиал-Демократ ва “Сабзҳо” пайвастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG