Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии санҷишии дастаи Тоҷикистон бо «Нистру»-и Молдова


Дастаи милли футболи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 20-уми феврал дар Туркия бо дастаи «Нистру» (Атаки) аз лигаи олии Молдова бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Ин як тамрини дигари даста дар ростои бозӣ бо дастаи миллии Кореяи Шимолист барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии 2014, ки қарор аст, 29-уми февлар барпо шавад. Мебоист як бозии санҷишии дастаи Тоҷикистон бо қаҳрамони дукаратаи Руминия ЧФР «Клуж» ҷараён мегирифт, аммо дар охирин лаҳза ин нақша вайрон шуд. Пештар дастаи милли футболи Тоҷикистон як бозии дӯстонаро бо дастаи «Шуртан»-и Узбакистон анҷом дода, дар он бо шумори 1:2 мағлуб шуд.
XS
SM
MD
LG