Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср сафири худро аз Сурия фаро хонд


Миср эълон кард, ки рӯзи якшанбе сафири худро аз Сурия фаро хондааст, зеро маҳофили байналмиллалӣ ҳар чӣ бештар саркӯбиҳои мухолифони Сурия ва саркӯбии ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ аз сӯи режими президент Башор Асадро маҳкум мекунанд. Вазорати хориҷаи Миср гуфт, ин тасмим дар мулоқоти Муҳаммад Амр-вазири корҳои хориҷаи Миср бо сафири ин кишвар дар Димишқ-пойтахти Сурия гирифта шудааст. Ҳоло сафири Миср дар Қоҳира ба сар мебарад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Миср гуфт, сафир то замони гирифтани тсмими баъдӣ дар Қоҳира хоҳад монд. Ин тамими Миср ба замоне дуруст меояд, ки рӯзи якшанбе нируҳои режими Башор Асад ба шаҳри Ҳумс тирандозиро аз сар гирифтанд ва талошҳои дипломатӣ барои ҳали бӯҳрони Сурия натиҷа надод.
XS
SM
MD
LG