Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, фурӯши нафти худро ба ду кишвар қатъ кардааст


Вазорати нефти Эрон мегӯяд, ки фурӯши нефт ба Британия ва Фаронсаро қатъ кардааст. Алиризо Некзод Раҳбар-сухангӯи ин вазорат дар изҳороте гуфт, “фурӯши нефт ба Британия ва Фаронса боздошта шудааст”. Вай афзуд, ки нефт ба “муштариёни дигар” фурӯхта мешавад. Эрон 20 дарсади нефти худро ба 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо содир мекунад. Соли гузашта Фаронса 3 дарсади нефти худро аз Эрон хирида буд. Гуфта мешавад, ки Британия низ дигар нефти Эронро ворид намекунад.
XS
SM
MD
LG