Пайвандҳои дастрасӣ

Прохоров: "Касе бояд кӯчаҳоро ҷорӯб занад"


Михаил Прохоров

Михаил Прохоров

Михаил Прохоров-номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия гуфтааст, ки дар сурати пирузӣ дар интихобот марзҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказиро мебандад ва бо ин кишварҳо муқаррароти раводид ҷорӣ мекунад. Вай ин нуктаро дар мулоқот бо ҷавонони шаҳри Екатенринбург изҳор дошт. Прохоров гуфт, ки ба Русия муҳоҷирони корӣ заруранд, вале ин масъала боял контрол шавад. Вай афзуд, ”мо намехоҳем кӯчаву хиёбонҳои худро ҷорӯб занем. Фарзандони мо сазовори кори беҳтаре ҳастанд. Вале касе бояд кӯчаҳоро ҷорӯб занад”. Дар Русия маъракаи қаблазинтихобтии номзадҳо идома дорад ва 4 март дар ин кишвар интихобот баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG