Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунатҳо дар Сурия ҳамоно идома дорад


Рӯзи якшанбе дар таркише дар вилояти Идлиби Сурия додситони ин вилоят ва як қозии додгоҳ кушта шуданд.

Бо вуҷуди идомаи талошҳои дипломатӣ нооромиҳо дар Сурия идома дорад. SANA, хабаргузории давлатии Сурия, гузориш додааст, ки дар вилояти саркаши шимолӣ-ғарбии Идлиб додситони умумӣ ва як додрас ё қозии додгоҳ дар сӯиқасде кушта шудаанд.

Бино бо гузориши SANA, субҳи рӯзи якшанбе афроди мусаллаҳ ба сӯи мошине, ки Нидал Ғазол, додситони вилоят ва Муҳаммад Зиёда, қозии додгоҳ савори он буданд, оташ кушодаанд.

Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, нерӯҳои ҳукумати Сурия дар атрофи шаҳри Ҳумс сангар дуруст мекунанд ва рӯзи якшанбе тирандозӣ ба сӯи ноҳияи Бобо Амрро аз сар гирифтаанд. Рӯзи шанбе нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бағдод дар маросими ҷанозаи пуродам як нафарро ҳадафи тир қарор додаанд.

Ҳамзамон рӯзи шанбе Чин гуфт, ки аз пешниҳодҳои кишварҳои Иттиҳодияи Араб дар бораи қатъи хушунатҳо дар Сурия ҳимоят мекунад. Чин ин матлабро дар изҳороте овардааст, ки шоми шанбе дар торнами Вазорати корҳои хориҷаи Чин ба табъ расидааст.

Изҳорот баъд аз мулоқоти Жай Ҷун, муовини вазири корҳои хориҷаи Чин бо Башор Асад-раисиҷумҳури Сурия ба нашр расид. Мулоқоти онҳо дар Димишқ баргузор шуд.

Созмони Милал мегӯяд, дар давоми як соли ахир дар нооромиҳои Сурия бештар аз 5 ҳазору 400 нафар кушта шудаанд ва ин шумора рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Ин аст, ки ахиран Навӣ Пиллай, раҳбари Идораи ҳуқуқи башари СММ мақомоти Сурияро дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор намуд. Вай дар суханронии худ дар Маҷмааи куллии СММ изҳор намуд, ки ҳукуматдорони Сурия бояд барои ҷиноёти содиркарда ҷазо бигиранд. Хонум Пиллай афзуд, ӯ далелҳо дар бораи ҳамлаи норӯшани нерӯҳои амниятии Сурия ба маҳаллаҳои шаҳри Ҳумс ва тирборони қисматҳои сераҳолии ин шаҳрро зери даст дорад.

Хушунат дар Сурия ҳамоно идома дорад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00
XS
SM
MD
LG