Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Туркманистон Рӯзи Парчами миллист


Имрӯз Туркманистон Рӯзи Парчами миллии худро ҷашн гирифт. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳур ва аъзои ҳукумати вай қабл аз оғози ҷашн дар пояи Муҷассамаи Истиқлол гулчанбар гузоштанд. Майдони Муҷассамаи Истиқлол аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ ба маҳали ҷашн табдил ёфтааст. Баъд аз интихобот рӯзи ҷумъа Бердимуҳаммадов бори дуввум ба унвони раиси ҷумҳур савганди вафодорӣ ёд кард. Тадобири аслии Рӯзи Парчам аслан дар варзишгоҳи марказии олимпии Ашқобод баргузор шуд. Дар Туркманистон бори аввал Рӯзи Парчамро 19 феврали соли 1997 ҷашн гирифта буданд. Рӯзи Парчам ба рӯзи таваллуди Сафармурод Ниёзов-раиси ҷумҳури пешин мусодиф аст.
XS
SM
MD
LG