Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 4 кило ҳероин аз вагони ширкати "Роҳи Оҳан"


Марзбонони Узбакистон дар посгоҳи марзии Сариосиё аз як вагони ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон 4 кило ҳероин мусодира кардаанд. Дар ин бора имрӯз Кумитаи давлатии амният ва марзбонии Узбакистон ба матбуот хабар додааст. Бино ба хабари ин манбаъ, вагон барои таъмир ба корхонаи таъмири вагонҳо ба Тошканд мерафтааст. Намояндагони ширкати “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори таассуф кардаанд. Барои расидагӣ ба ин қазия парванда боз шудааст.
XS
SM
MD
LG