Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ 15 корманди нави пулис ба қатл расид


Мақомоти расмии Ироқ мегӯянд, дар натиҷаи инфиҷоре дар миёни гурӯҳи кормандони нави пулис дар Бағдод 15 нафар кушта шудаанд. Пулис мегӯяд, инфиҷор замоне рух додааст, ки нисфирӯзӣ кормандони нав аз Фарҳангистони милии пулис дар назди вазорати корҳои дохилӣ берун мерафтаанд. 21 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Кормандони бемористон шумораи кушташудагонро таъйид кардаанд.
XS
SM
MD
LG