Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон фаъолиятҳои ҳастаиашро густариш медиҳад


Як дипломати мустақар дар Вена, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, ба Би Би Си гуфт, ки Эрон омода аст барномаҳои ҳастаии худро дар таъсисоти зерзаминӣ дар наздикии шаҳри Қум густариш диҳад. Ин дипломат ба Би Би Си гуфт, зоҳиран Эрон омода аст, ки ҳазорон адад сентрифугҳои насли ҷадидро дар ин корхонаи хуб ҳимоятшавандаи зерзаминӣ насб кунад. Ин сентрифугҳо қодиранд тавлиди урани ғанишударо суръат бахшанд, уранеро, ки ҳам барои тавлиди нируи барқ ба кор меравад ва ҳам барои эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ. Рӯзи чаҳоршанб Эрон гуфт, ки барои боло бурдани тавоноиҳои ғанисозии уран 3 000 сентрифуги дигар насб кардааст. Вале рӯшан нест, ки ин ҳамон сентрифугҳоест, ки дипломат дар назар дорад ё дигар.
XS
SM
MD
LG