Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи хушунат дар Сурия бо вуҷуди талошҳои дипломатӣ


Бо вуҷуди идомаи талошҳои дипломатӣ нооромиҳо дар Сурия идома дорад. SANA-хабаргузории давлатии Сурия гузориш додааст, ки дар вилояти саркаши шимолӣ-ғарбии Идлиб як додситони боломақом ва як қозии додгоҳ дар сӯиқасде кушта шудаанд. Бино бо гузориши хабаргузории SANA, субҳи рӯзи якшанбе афроди мусаллаҳ ба сӯи мошине, ки Нидал Ғазол-доситони вилоят ва Муҳаммад Зиёда-қозии додгоҳ савори он буданд, оташ кушодаанд.

Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, нируҳои ҳукумати Сурия дар атрофи шаҳри Ҳумс сангар дуруст мекунанд ва рӯзи якшанбе тирандозӣ ба сӯи ноҳияи Бобо Амрро аз сар гирифтаанд. Рӯзи шанбе нируҳои ҳукуматӣ дар Бағдод дар маросими ҷанозаи пуродам як нафарро ҳадафи тир қарор додаанд. Ҳамзамон рӯзи шанбе Чин гуфт, ки аз пешниҳодҳои кишварҳои Ҷомеаи Араб дар бораи қатъи хушунатҳо дар Сурия ҳимоят мекунад.

Чин ин матлабро дар изҳороте овардааст, ки шоми шанбе дар сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Чин ба табъ расидааст. Изҳорот баъд аз мулоқоти Жай Ҷун-муовини вазири корҳои хориҷаи Чин бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ба нашр расид. Мулоқот дар Димишқ баргузор шуд. СММ мегӯяд, ки дар давоми як соли ахир дар нооромиҳои Сурия беш аз 5 400 нафар кушта шудаанд ва ин шумора рӯз то рӯз афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG