Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киштиҳои низомии Эрон ба Баҳри Миёназамин расидаанд


Дарёсолор Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ-фармондеҳи нируҳои дарёии Эрон мегӯяд, киштиҳои низомии ин кишвар баъд аз гузаштан аз канали Суетс ба обҳои баҳри Миёназамин расидаанд ва тавоноии худро ба кишварҳои минтақа нишон додаанд. Вай дар ёддоште рӯзи шанбе ба хабаргузории IRNA гуфт, ки киштиҳои низомии Эрон аз соли 1979 ду бор аз ин канал гузаштаанд. Сайёрӣ нагуфтааст, ки шумораи ин киштиҳо чандто будааст, вале изҳор дошт, ки қаблан ин киштиҳо дар обҳои бандари Ҷиддаи Арабистони Саудӣ лангар андохта будаанд. Матбуоти Эрон гузориш додааст, ки ду киштии ин кишвар бо номҳои Шаҳидқандӣ ва Харг 4 феврал дар бандари баҳри Аҳмар таваққуф кардаанд. Исроил мегӯяд, ки ҳамаи ҳаракатҳои ин киштиҳоро аз наздик зери назорат дорад.
XS
SM
MD
LG