Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти ҷонибдорони Путин дар Русия


Тазоҳуроти ҷонибдорони Путин

Тазоҳуроти ҷонибдорони Путин

Рӯзи шанбе дар саросари Русия даҳҳо ҳазор нафар ба нишонаи ҳимоят аз номзадии Владимир Путин ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия ба тазоҳурот баромаданд. Дастикам дар қисмати аврупоии Русия, дар Сибир ва дар Шарқи Дур аз номзадии Путин дар интихоботи 4 март дар тазоҳурот ҷонибдорӣ карданд.

Хабаргузориҳо мегӯянд, ки дар Санкт Петербург 10 ҳазор нафар ва дар Хабаровск 12 ҳазор нафар дар тазоҳурот ширкат доштаанд. Дар шаҳрҳои Волгоград, Нижний Новгород ва Новосибирск низ 10 ҳазор нафари дигар ба тазоҳурот баромадаанд.

Тазоҳуроти аслӣ барои дастгирӣ аз Путин 23 феврал дар Маскав барномарезӣ шудааст. Пешгӯӣ мешавад, ки дар он то 200 ҳазор нафар ширкат ҷӯяд. Мухолифон мақомоти расмиро муттаҳам кардаанд, ки онҳо бо истифода аз фишангҳои ҳукуматӣ мардумро ба тазоҳуроти ҷонибдорони Путин таблиғ кардаанд.
XS
SM
MD
LG