Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз нақшаҳои Башор Асад дар Сурия ҷонибдорӣ кард


Чин мегӯяд, ки аз нақшаҳои Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дар бораи баргузории райпурсӣ роҷеъ ба хатми нооромиҳо дар он кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Жай Ҷун-муовини вазири корҳои хориҷаи Чин рӯзи шанбе баъд аз мулоқот бо Башор Асад ин нуктаро изҳор дошт. Асад рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки 26 феврал дар Сурия роҷеъ ба Қонуни Асосӣ райпурсӣ баргузор мекунад ва сипас бо ширкати ҳизбҳои мухталиф интихобот баргузор мешавад. Баргузории райпурсиро мухолифон мояи шарм медонанд ва мегӯянд, ки ҳукумат натиҷаҳои онро ба нафъи худ дасткорӣ хоҳад кард. Жай ҳамчунин аз тамоми тарафҳои даргири Сурия хост ба хушунатҳо хотима диҳанд. Вай афзуд, Пекин аз ташдиди бӯҳрон дар Сурия “амиқан нигарон “ аст. Ҳафтаи ҷорӣ Чин дар Маҷмаи Умумии СММ бар зидди қатъномаи Сурия рай дод.
XS
SM
MD
LG