Пайвандҳои дастрасӣ

Миллатгароёни рус бар зидди Расул Мирзоев


Дар маркази шаҳри Маскав миллатгароён дар тазоҳуроти эътирозие тақозо карданд, ки варзишгар Расул Мирзоев ба муҷозот кашонда шавад. Вай барои қатли Иван Агафонови 19 сола муттаҳам дониста мешавад. Дар тазоҳуроти Маскав 150 нафар, аз ҷумла волидайни Агафонов ва вакили мудофеи вай, ширкат доштанд. Моҳи августи соли гузашта Расул Мирзоев-қаҳрамони ҷаҳон дар навъи варзиши якҳарбаи омехта дар яке аз клубҳои шабонаи Маскав Агафоновро як мушт зад ва Агафонов аз ин зарба баъд аз чанд рӯз дар бемористон ҷон дод. Ҳоло Мирзоев шартан аз зиндон раҳо шудааст, вале ҳамоно ба вай 15 соли ҳабс таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG