Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Суғд хонаводаҳое мехоҳанд тифлонро фарзанд хонанд


Дар вилояти Суғд хонаводаҳои бефарзанд, ки мехоҳанд кӯдакони бепарасторро фарзанд хонанд, нисбат ба модароне, ки аз тифлони худ даст кашидаанд, ба маротиб бештар шудааст. Тақрибан 400 хонавода мехоҳанд кӯдакеро ба фарзандӣ бигиранд, вале дар соли 2010 ин кор танҳо ба 48 оила муйяссар шудааст. Дар соли 2011 34 хонавода кӯдаконро ба фарзандӣ гирифтаанд. Дар ин бора мақомоти зидахли вилояти Суғд ба хабарнигори радиои Озодӣ дар Хуҷанд хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG