Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйпурсӣ дар Латвия барои мақоми забони русӣ


Валдис Домбровскис

Валдис Домбровскис

Мақомоти расмии Латвия аз шаҳрвандони кишвари худ хостаанд, ки дар раъйпурсии рӯзи шанбе бар зидди забони русӣ рай диҳанд. Дар ин раъйпурсӣ бояд муайян шавад, ки оё аҳолии ин кишвар мехоҳад забони русӣ дар Латвия ба забони дуввуми расмӣ табдил шавад ё хайр. Валдис Домбровскис-нахуствазири ин кишвар баъд аз андохтани баргаи рай ба сандуқ дар Рига гуфт, “Рай бар зидди ин ташаббус райи таҳкими пояҳои ташкили давлат хоҳад буд”.

Ин раъйпурсӣ ба ибтикори гурӯҳи рустаборон баргузор мешавад ва онҳо мехоҳанд ба забони русӣ дар Латвия мақоми забони дуввуми расмӣ дода шавад. Ҳамин гуна пешниҳод моҳи декабр низ дар порламон матраҳ шуда буд. Вале ҳоло чунин ба назар мерасад, ки райпурсии кунунӣ ихтилофотро дар масъалаҳои забон шадидтар хоҳад кард.

Рустаборон, ки аслан дар солҳои Шӯравии собиқ ба Латвия рафта буданд, ҳоло аз се як ҳиссаи аҳолиро ташкил медиҳанд ва шумораашон ба 2 миллион нафар мерасад. Виктор Ситников-аз ҷамъияти русҳои Латвия мегӯяд:

“Дар ҳар ҳолат, агар забони русӣ расмӣ шавад, русҳо худро беҳтар ҳис мекунанд ва вазъи онҳо беҳтар мешавад. Ҷои шубҳа нест, барои он ки русҳо аз Латвия нопадид намешаванд. Шояд касе инро мехоҳад, вале шумораи мо дар ин ҷо ба ҳар ҳол зиёд аст”.

Рустаборон бо додани мақоми расмӣ ба забони русӣ мехоҳанд, ки табъизи зидди русҳо дар Латвия ба поён расад.
XS
SM
MD
LG