Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоише дар робита бо 70 солагии Кенҷаев дар Душанбе


Рӯзи шанбе дар Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нишасте таҳти унвони «Нақши Сафаралӣ Кенҷаев дар давлатдории муосири Тоҷикистон» баргузор шуд. Ин нишаст ба 70-солагии зодрӯзи Кенҷаев ихтисос дошт. Дар он намояндагони аҳзоби сиёсӣ, донишмандон ва ҷомеашиносону сиёсатмадорон ширкат варзиданд. Ҳозирини маҳфил изҳор доштанд, ки Сафаралӣ Кенҷаев ба унвони як ҳуқуқшинос, намояндаи Шӯрои олии Тоҷикистон ва ниҳоят ба ҳайси яке аз сиёсатмадорони аввали замони истиқлол дар поягузории давлати имрӯза саҳм ва нақши муҳим доштааст. Аммо дар мавриди нақш ва мақоми Кенҷаев андешаҳои дигар низ ҷой доранд. Бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки дар шуълавар шудани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба вижа таъминоти низомии Фронти халқӣ аз сӯи Ӯзбакистон дар солҳои 1992 нақши Кенҷаев кам нест. Ин шахсияти сиёсии зидду нақиз моҳи марти соли 1999 дар шаҳри Душанбе террор шуд.
XS
SM
MD
LG