Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ гурӯҳи Муҷоҳидини Халқро ба ҷои дигар кӯч дод


Рӯзи шанбе Ироқ урдугоҳи Ашрафро аз 400 нафар норозиёни сисёсии Эрон, яъне аъзои Созмони Муҷоҳидини Халқ холӣ кард ва онҳоро ба урдугоҳи муваққатие дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кӯч дод. Созмони Муҷоҳидини Халқ, ки сарнагунии режими мазҳабии Эронро тақозо мекунад, дар урдугоҳи муваққатӣ то замоне боқӣ хоҳад монд, ки барои онҳо дар хориҷ аз Ироқ урдугоҳе пайдо шавад. Ин созмон кӯч додани 400 нафар ба урдугоҳи муваққатиро фоли нек медонад ва мегӯяд, ин иқдом саранҷом ба кӯч додани 3 000 нафар аъзои ин созмон аз урдугоҳи Ашраф ба ҷои дигар замина фароҳам меорад. Муҷоҳидини Халқ дар солҳои 2009 ва 2011 ду бор бо нируҳои амниятии Ироқ вориди даргирӣ шуданд, зеро муносибатҳои Бағдод бо Эрон дар солҳои ахир беҳбуд ёфтааст.
XS
SM
MD
LG