Пайвандҳои дастрасӣ

Чин хостори қатъи нооромиҳо дар Сурия шуд


Жай Ҷун-муовини вазири корҳои хориҷаи Чин рӯзи шанбе баъд аз мулоқот бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия аз ҳамаи тарафҳои даргири ин кишвар хост, ки ба хушунатҳо хотима диҳанд. Жай афзуд, Пекин аз ташдиди бӯҳрон дар Сурия “амиқан нигарон “ аст. Ҳафтаи ҷорӣ Чин дар маҷмаи Умумии СММ бар зидди қатъномаи Сурия рай дод. Дар ин қатънома ҳукумати Сурия барои нақзи ҳуқуқи башар маҳкум шудааст. Пештар аз ин Чин дар ША СММ ба қатъномаи зидди Сурия вето гузошт.
XS
SM
MD
LG