Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар мубориза бо маводи мухаддир ба ОМ кӯмак мекунад


Виллиям Броунфилд

Виллиям Броунфилд

Виллиям Броунфилд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури маводи мухаддири байналмиллалӣ ва авлавияти қонун дар ҳошияи мулоқоти вазирон дар Порис 16 феврал дар бораи ҷузъиёти ташаббусҳои зидди маводи мухаддири Амрико дар Осиёи Марказӣ, яъне CACI сӯҳбат кард.

Тибқи ин барнома, Амрико омода аст дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кунад. Баъд аз тасвиби ин барнома дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҳисоби кормандони Ожонсиҳои мубориза бо маводи мухаддири маҳаллӣ CACI ташкили гурӯҳҳои вижаи бозрасӣ дар ин кишварҳоро дар назар дорад.

Ин гурӯҳҳо аз 20 то 25 нафар иборат хоҳанд буд. Ҳар кишвар шумора ва таркиби чунин гурӯҳҳоро худаш муайян мекунад ва ҳадафи гурӯҳҳои мазкур боздоши маводи мухаддир, хунсо ва тахриби шабакаҳои тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи чунин мавод мебошад. Ин гуруҳҳо ҳамчунин байни худ ва бо гурӯҳҳои мустақар дар Афғонистон маълумотҳои худро доду гирифт хоҳанд кард.

Оқои Броунфилд дар сӯҳбати худ гуфт, CACI бо ҳукуматҳои минтақа ва бо Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҳамкорӣ ва машварат хоҳад кард, то ҳадафҳои ин гурӯҳҳои бозрасӣ бароварда шавад.
XS
SM
MD
LG