Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон омодаи гуфтугӯ аст. Ғарб истиқбол мекунад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА ва Катрин Аштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии ИА.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА ва Катрин Аштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии ИА.

ИМА ва ИА аз омодагии Эрон барои оғози музокирот истиқбол намуда умедворӣ карданд, ки Теҳрон дар ин амр ҷиддӣ рафтор намояд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ва Катрин Аштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии ИА дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон изҳор доштанд, ки посух ба Эрон барои азсаргирии музокиротро баррасӣ карда ва дар бораи он гуфтугӯ кардаанд.

Рӯзи сешанбе Саид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар номае ба Катрин Аштон аз омодагии Эрон барои азсаргирии музокироти ҳастаии 5+1 хабар дода буд.

Хонум Клинтон гуфт, ин посухи давлати Эрон ҳамон аст, ки мунтазири он будем. Вазири умури хориҷии Амрико афзуд: “Агар қарор шуд, ки идома бидиҳем, мо бояд итминон ёбем, ки шоҳиди талоши давомдори Эрон дар мизи музокирот бошем. То вақте ба натиҷае бирасем ва Эрон пойбандии худ ба ӯҳдадориҳои байналмилалиро нишон диҳад.»

Хонум Аштон низ дар ин нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ба азсаргирии музокирот хушбин аст. Вай гуфт: “Ба назари ман ин амре мусбат аст. Ин нома ба дасти мо расидааст ва ин имкон вуҷуд дорад, ки Эрон хостори аз саргирии музокирот бошад.»

Хонум Аштон таъкид кард, ки дар музокироти соли гузашта, ки дар Истанбул баргузор шуд, вай ба Саид Ҷалилӣ гуфта буд, ки гурӯҳи 5+1 ҳаққи истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаиро муҳтарам мешуморад ва Эрон ҳам метавонад бо пешниҳодҳои худ ба сари мизи музокирот биояд.

Вай ҳамчунон бо ишора ба музокироти Истанбул гуфт, ки дар марҳилаи аввал бояд эътимодсозӣ миёни тарафҳои гуфтугӯкунанда анҷом бипазирад.

Ҳиллари Клинтон низ дар бахши дигар аз изҳороти худ ба аҳамияти якпорчагии гурӯҳи 5+1 таъкид варзид ва изҳор дошт, меҳвари ҳар гуна гуфтугӯ бо Эрон бояд дар қадами аввал барномаи ҳастаии Теҳрон бошад.

Вазири хориҷии Фаронса низ рӯзи панҷшанбе бо истиқбол аз посух ба Катрин Аштон барои азсаргирии музокироти ҳастаӣ изҳор дошт, ки ин мумкин аст оғози кушоише аз сӯи Эрон бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG