Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи ёрии Бритониё ва Фаронса ба мухолифони Сурия


Раҳбарони Бритониё ва Фаронса ваъда доданд, ки ба мухолифони Сурия дар набарди онҳо бо режими Башор Асад ёрӣ хоҳанд кард. Пас аз гуфтушунид дар Порис, раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва сарвазири Бритониё Дейвид Камерон аз нерӯҳои зидди Асад даъват карданд, муттаҳид ва муташаккил шаванд. Саркозӣ ҳамчунин гуфт, шароити Сурия барои дахолати хориҷӣ мусоид нест. Рӯзи панҷшанбе Маҷмаи умумии Созмони Милал бо аксарияти раъйҳо аз тарҳи истеъфои Асад ҳимоят кард. Русия ва Чин боз ҳам зид овоз доданд.
XS
SM
MD
LG