Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз ҳам хабари марги муҳоҷири тоҷике дар Русия


Имрӯз ҷасади як ҷавони дигари тоҷикро, ки тақрибан як моҳ пеш ба Русия барои кор омада буд аз шаҳри Свердловск ба Тоҷикистон фиристоданд. Сафар Хоников, як шунавандаи Радиои Озодӣ аз ин шаҳр хабар дод, ки Чоршанбе Таваллобекови 24-сола сокини ноҳияи Ишкошим бар асари варами шадиди пой рӯзи 14 феврал дар шифохонае дар ин шаҳр фавтид. Муҳоҷирони хайрхоҳи шаҳр барои интиқоли ҷасади Чоршанбе Таваллобекови пул ҷамъ кардаанд. Хонаводаи Таваллобековҳо соли гузашта мусибати дигареро аз сар гузаронда буданд, дар он сол Азорабек, бародари Чоршанбеи ноком бар асари беморӣ даргузашта буд. Хабари мазкурро Айдар Хоников, ҳамсояи хонаводаи Таваллобековҳо дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ таъйид кард. Шумо ҳам хонандаи азиз агар хабари муҳиме доред ё ҳодисаи ҷолиберо мехоҳед, ба Радиои Озодӣ бигӯед, бе ягон истиҳола ба мо нависед.
XS
SM
MD
LG