Пайвандҳои дастрасӣ

Дар паёми телевизионияш раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавез рақиби худро дар интихоботи президентии моҳи октябр “хук” номид. Вай номзади гурӯҳҳои чапу марказгаро, ҳокими вилояти Миранда Эрике Каприлсро инчунин “ноком” унвон кард. Ва гуфт, муҳим нест, ту чанд бор либоси худрол иваз мекунӣ, думи хукие, ки аз пасат аст, кӣ будани туро нишон медиҳад ва ҳам гӯшҳои хуконаат. Мисли хук хур-хур мекунӣ ва батамом як хук ҳастӣ. Аз рӯзе ки Каприлс номзад шудааст, тарафдорони Чавез ӯро зери таҳқиру дашном гирифтаанд ва ҷинсияти ӯро зери суол мебаранд.
XS
SM
MD
LG