Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон. Раҳоии ҳомии ҳуқуқи башар аз зиндон


Ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон Евгений Жовтис

Ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон Евгений Жовтис

Евгений Жовтис – аз ҳомиёни маъруфи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон баъди дувуним соли зиндон мавриди афв қарор гирифт.

Евгений Жовтис – раҳбари собиқи Дафтари байналмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон дар соли 2009 бо ҷурми куштани як раҳгузар дар зери чархи мошинаш ба 4 соли зиндон маҳкум шуда буд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегуфтанд, мақомот Жовтисро барои фаъолиятҳои касбиаш ҷазои “сиёсӣ” додаанд. Жовтис аз мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби давлати Қазоқистон зиёд интиқод мекард ва ҳукми ӯ мавҷи интиқодҳои байналмилалиро ба вуҷуд овард.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷараёни додгоҳи ӯ шикоят карда, иттиҳоми маст сари фармони мошин нишастани ӯро зери шубҳа мегузоштанд, аз ҷумла ба ин далел, ки пулис гӯё хуни Жовтисро, ки барои ташхис гирифта буд, гӯё гум кардааст. Евгений Жовтис дар як маҳбаси низомаш сабуктар дар шаҳри Оскемен дар шарқи Қазоқистон адои ҳукм мекард, вале қаблан дархости вакилонаш барои афв чандин бор ба ин далел, ки ӯ “қоидаҳои дохилӣ”-ро дар ин маҳбас поймол мекард, радд шуда буд.

Рӯзи ҷумъа хабарнигори қазоқ Тохниёз Кучуков низ аз маҳбас раҳо ёфт. Ӯ низ дар ҳамон соли 2009 бо айни иттиҳоми куштани раҳгузар дар сониҳаи нақлиётӣ маҳкум ба зиндон шуда буд.

Жовтис дар пайи раҳоияш аз фаъолони зиндонии қазоқ Наталя Соколова, Владимир Козлов ва Ойҷонгул Амирова ва чанд тани дигар ёд кард ва гуфт, “ба онҳо ҳатто дар чунин шароити тоқатфарсо ҳам мардонагӣ ва истодагарӣ орзу мекунад.”

Танҳо баъди ошӯби рӯзи 16 декабри коргарони нафткаш дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон, даҳҳо тан аз фаъолонро ба зиндон андохтанд. Фармони афви Жовтисро раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қабл аз сафараш ба Олмон, ки нахустин боздиди ӯ аз Ғарб баъд аз ошӯби хунини Жанаозен буд, имзо кард.

Жовтис дар паёми катбие гуфтааст, ки ин чанд соли зиндон дидгоҳи сиёсии ӯ, аз ҷумла назараш ба вазъи Қазоқистон ва арзишҳое, чун озодӣ ва адолатро дигар накардааст

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG