Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА 5 футболбози узбакро аз бозиҳо маҳрум кард


Федерасюни байнулмилалии футбол (FIFA) панҷ футболбози дастаи миллии Узбакистонро барои талоши фиребгарӣ ва довталабона гирифтани корти зарди ҳушдор аз ширкат дар бозиҳои иловагии роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳонӣ манъ кард. Ин бозигарон аз ширкат дар бозии аввали даври баъдии бозиҳои роҳхатгирии Осиё дар мояи июн ва бозии беаҳамият бо Ҷопон дар ин моҳ маҳрум мешаванд. FIFA ҳамчунин ҳар бозигарро ба маблағи 3,270 ва Федерасюни футболи Узбакистонро 19 600 доллар ҷарима баст. Дастаи Узбакистон аллакай якҷо бо Ҷопон пешсаф аст ва бозигарони он талош карданд, ки собиқаи ҷаримаҳои худро барои бозиҳои баъдӣ “поккорӣ” кунанд.
XS
SM
MD
LG