Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Таиланд ду бомбгузори зидди исроилиҳоро меҷӯяд


Полиси Таиланд дар ҷустуҷӯи ду гумонбаршудаи дигари моҷарест, ки мақомоти тай онро бомбгузории ноком зидди дипломатҳои Исроил номидаанд. Сардори полиси Бангкок гуфт, ин ду нафар афроде ҳастанд, ки се марди эронии дар робита ба воқеа боздоштшударо машқ додаанд. Симои ин ду нафарро дурбини видео ҳангоми хуруҷ аз манзили эрониҳои боздоштшуда сабт кардааст. Маводи мунфаҷира рӯзи сешанбе дар ин манзил таркидааст. Ҳукумати Эрон ҳама гуна пайвандеро бо моҷароҳои ҳадафгирии дипломатҳои исроилӣ дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон ва Тифлис, пойтахти Гурҷистон низ рад кардааст.
XS
SM
MD
LG