Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулмуталлаб ба ҳабси абад маҳкум шуд


Умар Фаррух Абдулмуталлаб
Умар Фаррух Абдулмуталлаб
Додгоҳи шаҳри Детройти ИМА як шаҳрванди Нигерияро бо иттиҳоми талоши анҷоми ҳамлаи террористӣ дар ҳавопаймои амрикоӣ ба ҳабси абад маҳкум кард.

Умар Фаррух Абдулмуталлаб иқрор кард, ки мехост ҳавопаймои хатсайри Амстердам-Детройтро ба хотири интиқом барои ҳамлаҳои Амрико ба мусалмонҳо тарконад.

25 декабри соли 2009 ӯ тавонист маводи таркандаро бо худ ба ҳавопаймо барад ва аммо бомб инфиҷор нашуд. Мусофирон Абдулмутталабро дастгир ва баъди фуруд омадан ба полиси ИМА таслим карданд.
XS
SM
MD
LG