Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмааи кулли СММ қатънома оид ба Сурияро пазируфт


Маҷмааи кулли СММ қатънома оид ба авзоъ дар Сурияро, ки дар он мақомоти Димишқ барои хушунат алайҳи мардуми осоишта маҳкум шудаанд, пазируфт. Дар ин тарҳи пешниҳодкардаи Арабистони саудӣ ва Қатар аз раҳбари Сурия Башор Асад даъват шудааст, ки ба истеъфо равад.

Аз қатънома 137 кишвари узви СММ пуштибонӣ карданд, 12 кишвар, аз ҷумла, Русия раъйи мухолиф доданд, 17 кишвари дигар аз ибрози назар худдорӣ намуданд.

Қатъномаи Маҷмааи Кулл дар қиёс ба қатъномаи Шӯрои амнияти СММ фақат ҷанбаи тавсиявӣ дорад. Аз ин пеш Русия ва Чин ба қатъномаи Шӯрои амният вето гузошта буданд.
XS
SM
MD
LG