Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз ҳавои шаҳри Душанбе абрист, каму беш борон меборад, аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳавои абрӣ пешбинӣ шудааст, то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд. Осмони шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам абрист, ҳарорат то 11 дараҷа боло меравад.

Дар шаҳри Хоруғ барф меборад, ҳаво то 5 дараҷа сард мешавад. Дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳавои абрӣ дар назар аст, дар водии Ҳисор борон ва дар Рашту Нурободу Тавилдара барф меборад. Дар шарқи Тоҷикистон то 11 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG