Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта ба мавзӯъҳои мухталиф, аммо муҳими ҷомеа таваҷҷӯҳ кардаанд.

"МИЛЛАТ"

Қазияи кушта шудани чаҳор халабони тоҷик дар Зобули Афғонистонро ба баҳс гирифта ва навиштааст, "расонаҳо ба маросими видоъ даъват нашуда буданд. Аз ин рӯ, мумкин аст, танҳо бо чопи хабарҳо хотираи ин шаҳидон дар матбуот гиромӣ дошта шавад." Аммо нашрия ин саволҳоро матраҳ кардааст, "мо ҳаққи инро дорем бипурсем, ки инҳо воқеан қаҳрамон буданд ва дар сари иҷрои вазифа фавтиданд?! Агар чунин аст, пас, чаро ба хотирашон азо намегирем? Чаро ба ҷанозаашон хабар намешавем?"

"НИГОҲ"

"Аслитарин мушкили ҳукуматҳои зӯрмадорро ба камбуди иртиботи мустақим бо мардум" марбут донистааст. Ба навиштаи нашрия "аз камбуди ин навъи иртиботи ҳокимият ва ҷомеа аст, ки сару садо ва овозаҳои бешумор дар бораи мансабдорони баландпоя ва хешу наздикони онҳо рӯҳияи нухбазудоӣ ё худ бадбинии элитаро дар миёни мардум тақвият мебахшад..." Нашрия менависад, "чизи дигаре, ки беш аз гузашта мардумро нисбат ба нухбагони ҳоким беэътимод кардааст, фасодзадагии густардаи онҳост."

"ТОҶИКИСТОН"

Боз ҳам аз мушкили ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд навиштааст. Ин нашрия дар матлаби "Азоби роҳи Анзоб" навиштааст, "дар фасли зимистон роҳ хароб аст, мошинҳо ба ҳам мезананд, одамон мемиранд, касе парво надорад." Ба навиштаи нашрия, "мушоҳидаҳои ду соли ахир ва хулосаи коршиносон чунин натиҷа медиҳанд, ки тарма чӣ тавре, ки буд, ҳамон тавр мефарояд. Аммо акнун он барои соатҳо ва ҳатто шабонарӯзӣ, то замоне ки техника онро аз сари роҳ нагирад, рафтуоро бозмедорад."

"ФАРАЖ"

Мавзӯи ҷашнгирии "Рӯзи Валентин" ё "Рӯзи ошиқон"-ро ба чолиш кашида ва навиштааст, "бо вуҷуди бонги изтироби нашрияҳои мустақил дар мавриди бегона ва зиддимиллӣ ва зиддидинӣ будани таҷлили рӯзи ба ном "ошиқон" дар санаи 14-уми феврал, мушоҳида мешавад, ки дар шимоли кишвар, махсусан, дар Хуҷанд ин рӯзро бо дабдабаю шукӯҳу шаҳомат ид мекунанд."

"ИМРӮЗ НЮС"

Зимни интишори матлаби "Писари кадом мансабдор шабҳо "гонка" ташкил мекунад?", аз боздошти чанд ҷавон барои сабқат ё "гонка" ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ бо автомошинаҳои гаронарзиш хабар додааст. Ба навиштаи нашрия "мувофиқи баъзе аз сарчашмаҳо, яке аз боздоштшуда писари яке аз кормандони мақомоти амниятӣ ва якеи дигар фарзанди яке аз кормандони воломақоми Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ будаанд." Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди нашрия сабқат ё худ "гонка" дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи фарзандони мансабдор ҳамасола ба мушоҳида мерасад.

"ОЗОДАГОН"

Рисолати рӯшанфикронро мавриди интиқод қарор дода, аз набуди ҷасорат дар онҳо шиква кардааст. Муаллифи матлаби "Оё элитаи фикрии мо ба бӯҳрон расидааст?" навишта, ки "ба назар мерасад, таваққӯоти кунунии ҷомеаи кишвар аз фарҳангиён ин аст, ки онҳо ба таври хеле ҷасурона аз президент ҳалли муаммоҳои бузурги кишварро талаб кунанд. Зеро таҷрибаи ҳокимият ва давлатдорӣ дар Тоҷикистони мусоир собит кард, ки аслан қишри рӯшанфикр ва ё элитаи фикрӣ ба таври амалӣ дар ҷараёни навини эҷод ё идоракунии Тоҷикистон аслан иштирок намекунанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG