Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҳуқуқи башар мегӯяд, касе ба фикри пешгирӣ аз поймол шудани ҳуқуқи башар дар Либия нест.

Созмони ҳомии ҳуқуқи башар Афви Байнулмилал ё Амнести Интернешенел мегӯяд, аз замони оғози шӯриш бар зидди Муаммар Қаззофӣ дар Либия як сол сипарӣ шудааст, вале ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои ниманизомӣ ба поймолшавии ҳуқуқи башар роҳ медиҳанд.

Дар гузориши ахири ин созмон, ки баъди зиёрати зиндонҳои Либия таҳия шудааст, гуфта мешавад, ки силоҳбадастон афроди муттаҳам бо пайравӣ ба Қаззофиро шиканҷа намуда, муҳоҷирони африқоитабор ва дигар ақаллиятҳои қавмиро аз хонаҳояшон берун кардаанд. Ба гуфти яке аз муаллифони гузориш Картсен Югерсен, аз моҳи сентябри соли 2011-ум ба ин тараф дар боздоштгоҳҳои гурӯҳҳои ниманизомии Либия камаш 12 кас бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Югерсен меафзояд: “Дар амал ин гурӯҳҳои ниманизомӣ аз қонун болотаранд. Касе онҳоро ба ҷавобгарӣ накашидаву касе чунин мақсад ҳам надорад.”

Ба гузориши Афви Байнулмилал, мақомоти нави Либия, ки тирамоҳи гузашта баъд аз барканории ҳукумати Қаззофӣ ба сари қудрат омадаанд, ҳеҷ иқдоме барои қатъи шиканҷаи боздоштшудаҳо анҷом надодаанд. Бар асоси гузоришҳо феълан дар зиндонҳои давлатии Либия тақрибан 2400 нафар ба сар мебаранд, вале ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, гурӯҳҳои ниманизомӣ дар атрофи шаҳри Троблус ва Мисрота ҳазорҳо нафарро дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медоранд.

Пештар Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки Мун гуфта буд, гурӯҳҳое, ки алайҳи раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ меҷангиданд, тақрибан 7 000 асиронро дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медоранд. Ба гуфтаи ӯ, бештари ин асирон – шаҳрвандони кишварҳои африқоии воқеъ дар ҷануби биёбони Саҳара мебошанд ва пайваста ҳадафи шиканҷаву латукӯб қарор мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG