Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нолаи пирамарде, ки ба гӯши президент нарасид


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияҳои вилояти Суғд (Акс аз бойгонӣ).

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияҳои вилояти Суғд (Акс аз бойгонӣ).

Як сокини кӯҳансоли ноҳияи Файзобод гуфт, талошҳои ӯ барои ибрози андешааш ба раисиҷумҳур бенатиҷа будааст.

Мӯйсафеде, ки худро Самад Шарифов, сокини деҳаи Бӯстони Файзобод номид, гуфт, мехост дарди дилашро рӯзи 15-уми июли соли гузашта ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баён кунад. Замоне ки президент аз Файзобод боздид мекард.

Аммо кормандони милиса ӯро ба мулоқот бо раисҷумҳур роҳ надода, балки боздошт кардаву ба деҳаи Сари Ҷар бурда партофтанд. Бобои Самад, ки 70-сола аст, дигарбора ба маркази ноҳия баргаштааст, то дар мулоқоти раисҷумҳур ширкат кунад. "Ин дафъа панҷ милисаи дигар боз маро қапида, хостанд ба мошин савор кунанд. Натавонистанд. Маро ба лагад зада, аз ришам қапида, ба зӯрӣ ба даруни мошин андохтанд. Зада- зада бурда, дар қишлоқи Бӯстон, ҷамоати Бӯстон фароварданд",-нақл кард бобои Самад.

Дар ниҳоят, ин сокини Файзобод ба унвонии раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нома навиштааст, ки то ба ҳол ба он посух дарёфт накардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Нуралӣ Одинаев, сарвари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод гуфт, аз ин қазия хабар дорад ва бино ба маълумоти ӯ, ки тафсилоташро наметавонад, гӯяд, масъала ранги дигар дорад: "Президенти кишвар як нафар ҳастанд. Мо барои таъмини амнияти президент бояд ҳама тадобирро андешем. Ин гапҳо дар бораи кормандони милиса тӯҳмат аст. Он кас ба мо муроҷиат кардааст ва ҳоло таҳқиқи шикояти ӯ ҳам таҳти назорати додситонӣ ва ҳам шахсан худи ман қарор дорад. Таҳқиқ ҳанӯз анҷом наёфтааст."

Аҳмади Иброҳим

Аҳмади Иброҳим

Сафарҳои раисҷумҳур ба навоҳии Тоҷикистон, ки яке аз барномаҳои муҳими телевизионҳои кишвар дар соли гузашта буданд, ба хотири ошноӣ бо вазъ мулоқоти ӯ бо мардуми заҳматкашро низ дар зимн доштанд. Аммо ба қавли коршиносон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ин вохӯриҳо аслан афродеро роҳ медиҳанд, ки худ омода карда буданд. Ин афрод аслан раисиҷумҳуру сиёсатҳояшро мадҳу ситоиш мекарданд ва мегуфтанд, ки дар ноҳияи онҳо вазъи зиндагӣ хуб аст.

Аҳмади Иброҳим, коршиноси маҳаллӣ дар Кӯлоб мегӯяд, саҳнасозиҳо аз сӯи мақомоти маҳаллӣ барои пӯшонидани асли вазъият дар навоҳӣ аст, ки чандон хуб нест: "На фақат раисони ноҳияҳо, балки мансабдорони поёнӣ ҳам талош мекунад, ки сиррашон фош нашавад. Аслан ҳадаф нигоҳ доштани мансаб аст, дар ҳоле ки як зарра ҳам ин гуна кӯшишҳои умри мансабҳои онҳоро тамдид намекунад."

Дар гузашта аз ноҳияи Мӯъминобод низ ҳамчунин хабар пахш шуда буд, ки мардум ба раисҷумҳур дар бораи мушкилоти хеш сӯҳбат накунанд. Расонаҳо дар ин бора ҳам навишта буданд, ки афроди сухангӯ дар мулоқоти раисиҷумҳур бо мардуми Масчои Кӯҳиро шахсан мансабдорони сатҳи аввали вилояти Суғд интихоб кардаанд.

Ахиран худи раисиҷумҳур ҳам дар ҷаласаи ҳукумат телевизион ва мансабдорони маҳаллиро мавриди интиқод қарор дод, ки ҳангоми сафарҳои ӯ хароҷоти беҳуда ва он ҳам аз ҳисоби мардум мекунанд ва ин ҳамаро чандин маротиба ба намоиш мегузоранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG