Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи порламони Аврупо роҷеъ ба Беларусия


Порламони Аврупо бо аксарияти оро қатъномаеро, ки дар он муҷозоти эъдом ё ҳукми қатл дар Беларусия маҳкум мешавад, ба тасвиб расонд. Дар ин қатънома аз Беларусия дархост шудааст, ки иҷрои ҳукми қатл боздошта шавад.Намоянгдагони порламони Аврупо дар Страсбурги Фаронса ҳамчунин аз режими Беларусия хостанд, ки Дмитрий Канавалов ва Уладзислав Кавалёв афв шаванд. Онҳо моҳи ноябри соли гузашта ба иттиҳоми даст доштан дар инфиҷори моҳи апрели соли 2011 дар метрои Минск маҳкум ба эъдом шудаанд. Дар ин инфиҷор 15 нафар кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG