Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамкории Тоҷикистон бо “DWM Petroleum”-и Шветсария


Имрӯз Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо раҳбари ширкати шветсарии “DWM Petroleum” мулоқот кард. Дафтари матбуотии вазорат ба матбуот гуфтааст, дар ин мулоқот масъалаҳои ҷӯстуҷӯи манобеи захоири сӯхт дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шудааст. “DWM Petroleum” муассиси ширкати муштараки Тоҷикистону Шветсария бо номи “Сомон-Ойл» мебошад. Ҷониби Тоҷикистон хостааст, ки ҳар чӣ зудтар манобеи сӯхт кашф ва парма кардани чоҳҳои нафту гоз оғоз шавад. Раҳбари “DWM Petroleum” қавл додааст, ки барои анҷоми ин корҳо маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад.
XS
SM
MD
LG