Пайвандҳои дастрасӣ

"Русия дар фикри ҷорӣ кардани виза нест"


Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия. Шаҳри Душанбе, моҳи октябри соли 2010.

Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия. Шаҳри Душанбе, моҳи октябри соли 2010.

Константин Ромодановский гуфтааст, Русия қасди ҷорӣ кардани виза миёни кишварҳои Шӯравии пешинро надорад.

Раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия эълом доштааст, ки Маскав ният надорад, бо кишварҳои мустақили муштакулманофеъ низоми раводид ё виза ҷорӣ кунад.

Ӯ дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Российская Газета”, чопи Маскав, гуфтааст, баръакс Русия мехоҳад муқарраротро барои онҳое нармтар намояд, ки ба муҳоҷирати корӣ меоянд ва ба забони русӣ сӯҳбат мекунанд.

Ҳоло бештари муҳоҷирони корӣ ба Русия аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон мераванд. Сиёсатмадорони Русия дар гузашта борҳо пешниҳод карда буданд, ки ё нерӯҳои марзбони Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд ва ё низоми раводид миёни Тоҷикистону Русия ҷорӣ шавад, то аз қочоқи маводи мухаддир ва гурӯҳҳои қочоқбар ҷилавгирӣ шавад.

Аммо ахиран Владимир Путин, нахуствазири Русия ва яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар низ изҳор дошт, ки ҷорӣ кардани раводид бо ин кишварҳо нуфузи Русияро дар Осиёи Марказӣ заифтар хоҳад кард.

Бо ин ҳол, коршиносон ҷорӣ шудани виза миёни Тоҷикистон ва Русияро қабл аз ҳама ба зарари якуним миллион муҳоҷири кории Тоҷикистон дар он кишвар медонанд.

Ин муҳоҷирон таъминкунандагони аслии маишати аксари кулли хонаводаҳои Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Муҳоҷирони кории тоҷик ҳар сол бештар аз буҷаи давлат ба Тоҷикистон пул интиқол мекунанд.

Охирин гузориш баёнгари он аст, ки дар соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ҳудуди 3 миллиард доллар ба Тоҷикистон пул фиристодаанд. Коршиносон мегӯянд, низоми бидуни раводид миёни Тоҷикистону Русия омили аслии суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад ва агар ин низом лағв шавад, ба ҳам задани суботи иҷтимоӣ низ баъид нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG