Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба гуфтаи ҷомеашиносон, талабот ва интизорот аз ҳамсари оянда дар чанд соли охир тағйир кардааст.

Дар ҷойи се нуқтаи сарлавҳаи ин матлаб метавон сифатҳои зиёд ва гуногунро гузошт. Барои намуна, "зани ояндаи ман бояд таҳсилдида бошад." Ё шавҳари ояндаи ман бояд баномус бошад" ва монанди инҳо.

Бархе аз сифатҳо қарнҳост, бетағйир мемонанд, аммо баъзе аз талабу тақозои ҷавонон аз ҳамсарони ояндаи худ дар ҳар давра ва ҳар ҷомеа то андозае тағйир меёбанд. Дарёфти ҳадди миёнаи ин интизориҳо мушкил аст, вале номумкин нест. Ин фикр замоне пайдо шуд, ки дар шабакаи Фейсбук шоҳиди баҳсе шудем, ки дар он асосан духтарон ширкат доштанд ва ҳар кадом менавишт, ки чӣ гуна шавҳареро орзу дорад. Яке таманно мекард, шавҳари ояндаи ӯ шахси доно, ботамкин ва пулдор бошад. Дувумӣ мегуфт, пулу дороӣ муҳим нест, аммо кордонии шавҳари оянда муҳим аст. Сеюмӣ ба симои зоҳирӣ (қомати баланд, шонаҳои паҳн, сарулибоси тозаву озода...) бештар диққат медод ва чаҳорумӣ менавишт, ки он шахс бояд дили пур аз ишқу муҳаббат дошта бошад.

Ҷавонон дар ин бобат камҳарфтаранд, вале аксҳое, ки онҳо дар ин шабакаҳо мегузоранд, метавонад, то андозае симои бонуи ормонии онҳоро нишон диҳад. Ҳарчанд бисёрии онҳо мегӯянд, зебоии ҳамсари оянда барояшон шарти асосӣ нест, дар асл ба сару рӯи духтарон диққати зиёд медиҳанд ва аксҳои “супермодел”-ҳоро бознашр мекунанд. Бо вуҷуди ин ва зимни вазъи иҷтимоӣ тақозо аз ҳамсари хаёлӣ аз баъзе ҷиҳатҳо сабуктар ва аз лиҳози дигар вазнинтар мешавад. Агар чанд сол пеш маърифати динии арӯсон барои домодҳо аҳамияти зиёд надошт, ҳоло ҷавонписарон ҳарчӣ бештар сифати “боимон”-ро дар миёни талабот аз арӯси оянди худ ҷой медиҳанд. Шояд фазои равонии зиндагии имрӯза духтаронро водор менамояд, ки дар орзуи шавҳарони “шӯх” ва “дилкушо” бошанд. Ҳатман ки бо ғамгинию афсурдагӣ ҳаёти хуше сохта намешавад.

Аммо то кадом андоза аломату нишонаҳое, ки барои ҷавонон ва духтарон дар интихоби ҳамсафари ҳаёт ёрӣ медиҳанд, воқеан, муҳим ва сарнавиштсозанд? Наздикии ақидаҳо то куҷо ба хушбахтии ҳамсарони оянда таъсир хоҳад дошт? Ин мавзӯъест, ки ба қазовати бинандагони азиз вогузор мешавад. Махсусан онҳое, ки аз рӯйи нишонаҳои дилхоҳ ҳамсари ояндаи худро интихоб карданд ва ҳоло аз бозёфти худ хушнуданд ё пушаймон. Хоҳиш мекунем, назари худро бинависед ва ба ҷавонтарҳо кӯмак кунед.

Ҳамзамон, идомаи баҳси интизориҳо аз ҳамсари оянда аз тарафи онҳое, ки акнун “нимаи гумшуда”-и худро меҷӯянд, низ муҳим аст ва аз бинандагон хоҳиш мешавад, бинависанд, ки ҳамсари орзуҳои онҳо бояд чӣ бартариҳо дошта бошад. Вале баъд аз дидани ин навор:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG