Пайвандҳои дастрасӣ

Русия намехоҳад бо шӯравиёни пешин раводид ҷорӣ кунад


Константин Ромодановский

Константин Ромодановский

Константин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии мухоҷирати Русия гуфтааст, кишвараш ба нақша нагирифтааст, ки бо кишварҳои мустақили муштакулманофеъ муқаррароти раводид ҷорӣ кунад. Вай дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Российская Газета” чопи Маскав гуфтааст, баръакс Русия мехоҳад муқарраротро барои ононе нармтар кунад, ки ба муҳоҷирати корӣ меоянд ва ба забони русӣ сӯҳбат мекунанд.

Ҳоло бештари муҳоҷирони корӣ ба Русия аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон меоянд. Сиёсатмадорони Русия дар гузашта борҳо пешниҳод карда буданд, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рафту омади бидуни виза ё раводид хотима дода шавад.

Аммо ахиран Владимир Путин-нахуствазири Русия, ки номзади мақоми раёсати
ҷумҳурӣ мебошад, изҳор дошт, ки ҷорӣ кардани раводид бо ин кишварҳо нуфузи Русияро дар Осиёи Марказӣ заиф мекунад.
XS
SM
MD
LG