Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии гумонбарон дар Қубодиён идома дорад


Дар додгоҳи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳии Акмал Рашидов-корманди беморхона ва Иброҳим Қурбонов- ҳамдеҳаи вай идома дорад. Онҳо барои узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам дониста мешаванд. “Азия Плюс” иттилоъ додааст, ки мурофиаи додгоҳӣ дар шӯрои деҳоти Янгиюл идома дорад, зеро ҳар ду гумонбар сокини деҳаи Қизил нишони ин шӯро мебошанд. Онҳо барои таблиғи ақидаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ва пахши адабиёти он гунаҳгор дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG