Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Афғонистону Покистон ва Эрон


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои ширкат дар мулоқоти дурӯза бо раисони ҷумҳурии Покистону Эрон дар Покистон қарор дорад. Интизор меравад, ки дар мулоқот бо Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ бештар ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва тадбирҳои муштарак барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон таваҷҷуҳ кунанд. Дар остонаи ин мулоқот рӯзномаи амрикоии "Wall Street Journal" аз қавли Карзай навишт, ки Толибон воқеан ҳам хостори қатъи ҷанг дар Афғонистон ҳастанд ва дар музокирот бо онҳо Амрико ва ҳукумати Афғонистон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG