Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиктелеком" қимати гуфтугӯҳои телефониро афзуд


Ширкати "Тоҷиктелеком" баҳои гуфтугӯи телефонӣ дар дохили кишварро боло бурдааст.

Акнун арзиши як дақиқаи тамос барои телефонҳои хонагӣ 3 дирам ва аз телефони хонагӣ ба телефони дастӣ 4 дирам муқаррар шудааст. Дар ҳоле ки дар ду соли ахир аввалӣ 2 дирам ва дувумӣ 2,5 дирам қимат дошт.

Масъулони ширкати "Тоҷиктелеком" хабари гароншавии гуфтугӯҳои телефонӣ дар дохили ин кишварро тасдиқ карданд. Боймурод Мирзоёров, сармутахассиси ширкати "Тоҷиктелеком" гуфт, хароҷоти ин навъи хидматрасонӣ ба маротиб боло рафтааст ва мақомот ба ҷуз аз афзоиши нарх чораи дигаре надоштанд.

Мирзоёров афзуд, ҳатто нархи нав низ наметавонад хароҷоти ширкати "Тоҷиктелеком"-ро бипӯшонад. Вале бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти иқтисодии аҳолӣ ва ба хотири аз даст надодани муштариён дар ҳоли ҳозир чунин нархҳо муқаррар шудааст. "Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хароҷот аз ҳисоби нархи сӯзишворӣ, симчӯбҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ боло рафтааст. Барои ҳамин, нархи гуфтугӯҳо низ баланд шуданд",-илова кард ин масъули "Тоҷиктелеком".

Аммо баҳои тамосҳои дохилӣ дар ҳоле афзоиш меёбанд, ки бештари истифодабарандагони телефонҳои ноқилӣ афроди солманд ва вобаста аз буҷаи давлат мебошанд. Бештари онҳо аз гароншавии нарх ба шиддат изҳори нигаронӣ мекунанд.

Зулайхо, муаллимаи яке аз мактабҳои пойтахт мегӯяд, аз чанд вақти пеш тақрибан аз телефони хонагӣ истифода намекард. Вале акнун, ки нарх то ду баробар боло рафтааст, беҳтар медонад, ки ҳама тамосҳояшро тавассути телефони ҳамроҳ анҷом бидиҳад. "Бори ахир сад сомонӣ супоридам. Дар ҳақиқат, вазнин меафтад. Сесад сомонӣ маош доштам. Мегуфтам ақаллан 50-60 сомонӣ мешуд, ки супоридан бишавад. Вале дидам, ки нашуд аз баҳраш гузаштам ва ҳоло аз телефони дастӣ истифода мекунам",-афзуд ӯ.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
Линки мустақим



Ин бори аввал нест, ки арзиши гуфтугӯҳои телефонӣ дар Тоҷикистон боло меравад. Ҳатто як навбат нархи занги телефони хонагӣ ба телефони ҳамроҳ 16 дирам муқаррар шуд. Вале дар пайи эътирози шадиди мардум ва ширкатҳои мобилӣ ҳукумат ин нархро бекор кард.

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Вале ба гуфтаи Сайидалӣ Зарифов, сардори раёсати танзими монополияҳои табиии Хадамоти зидди монополии Тоҷикистон ин навбат нархҳои нав коҳиш нахоҳад ёфт. Зеро, дар воқеъ, хароҷоте, ки "Тоҷиктелеком" барои таъмин кардани ин навъи хидматрасонӣ мекунад зиёд шудааст: "Вақте 16 дирам муқаррар шуд, сару садоҳо бисёр шуданд ва ҳукумати Тоҷикистон онро то ба чор дирам кам кард. Аммо ширкати "Тоҷиктелеком" гуфт, ки боз ҳам поин баред, ки мо муштариҳоро аз даст надиҳем. Сипас, нарх то ба 2,5 дирам паст карда шуд. Вале ҳоло бо ин нарх хароҷот пӯшонида намешавад."

Болоравии нархи гуфтугӯи муштариёни "Тоҷиктелеком" бо муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар ҳолест, ки дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Хадамоти алоқаи кишвар Бег Зуҳуров амр дод, ки то Наврӯзи соли ҷорӣ як миллион хонаводаро бо телефони хонагӣ таъмин намояд. Аммо то ҳамин акнун дар Тоҷикистон наздики 400 ҳазор телефони ноқилӣ дар истифода қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG