Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори вазири Юнон аз оқибати "бозӣ бо оташ"


Вазири молияи Юнон Эвангелос Венизелос

Вазири молияи Юнон Эвангелос Венизелос

Вазири молияи Юнон гуфт, мавзеъгириҳои ахири Брюcсел “бозӣ бо оташ”-ро мемонад ва паёмади хуб нахоҳад дошт.

Эвангелос Венизелос мутмаин аст, ки бархе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, бар хилофи эъломияҳои расмияшон, талоши аз “минтақаи евро” берун кардани Юнонро доранд.

Дирӯз (15-уми феврал) вазирони молияи кишварҳои “минтақаи евро” дар як музокирот аз тариқи телеконфронс гуфтанд, ки тасмимгирӣ дар мавриди кӯмаки молӣ ба Юнонро то рӯзи душанбе мавқуф гузоштанд. Онҳо аз мулоқот бо ҳамтои юнонияшон Евангелос Венизелос низ сарпечӣ карда ва эълом доштанд, ки раҳбарони аҳзоби сиёсии Юнон иҷрои ҳатмии қонуни сарфаи буҷаро кафолат надодаанд.

Кишварҳои минтақаи евро аз он бим доранд, ки пас аз дарёфти кӯмаки 130 миллиард еврогӣ порлумони нави Юнон қонуни дар бораи сарфаи буҷа қабулшударо лағв мекунад. Вазирони молияи “минтақаи евро” аз раҳбарони ҳизбҳои асосии Юнон талаб доранд, то аз тариқи катбӣ ё хаттӣ кафолат диҳанд, ки баъд аз интихоботи қарибулвуқӯъ ин қонунро бознигарӣ нахоҳанд кард. То ҳол фақат раҳбарони ҳизбҳои сотсиалистӣ ва муҳофизакорон барои ироаи ин гуна кафолат розӣ шудаанд.

Евангелос Венизелос ахиран гуфт, “раҳбарони ҳизбҳои вориди ҳукумати эътилофӣ ба Иттиҳодияи Аврупо номи расмӣ фиристоданд ва парлумони Юнон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо барои созиш раъй дод. Мо ҳама чораҳои шадид оид ба қонуни корро қабул кардем”. Ба гуфтаи вазир, ин хело муҳим аст, зеро “посух ба онҳое дар Аврупост, ки ба нерӯмандии мо барои иҷрои ин барнома ва татбиқи он баъд аз интихоботи қарибулвуқӯи порлумонӣ шубҳа доранд.”

Қонуни сарфаи буҷа, ки боис ба эътирозҳои густурда дар Юнон шуд, аввалҳои ҳамин ҳафта аз сӯи порлумони кишвар пазируфта шуд. Ин қонун коҳиши моҳонаву нафақа ва ихтисори 15 000 корманди муассисаҳои давлатиро дар назар дорад.

Ба гуфтаи мутахассисон, ихтисори кормандон имкон медиҳад, ки ҳамасола 325 миллион еврои буҷа сарфа шавад. Ҳамчунин, ҳадди ақалли моҳона дар Юнон аз 751 евро то 600 евро коҳиш хоҳад ёфт.
Коршиносон мегуфтанд, ки пас аз пазируфта шудани ин тарҳ, акнун роҳи Юнон барои дарёфти кӯмаки нави Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул ба маблағи 130 миллиард евро боз хоҳад шуд. Ҳамчунин интизор мерафт, ки бонкҳои байнулмилалӣ як қисми қарзҳои Юнонро бахшанд.

Агар Юнон бастаи нави кӯмаки молиро дастрас накунад, моҳи оянда варшикаста мешавад.
XS
SM
MD
LG