Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Рум, пойтахти Италия, бори дуввум тайи ҳафтаи ахир ба миқдори бузург барф рехт. Рӯзи чаҳоршанбе мактабҳо ва бархе аз ёдгориҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла, Колизеи машҳур, баста шуданд.

Расонаҳои Италия хабар доданд, ки бархе аз ёдгориҳо, аз ҷумла, шаҳри бостонии Урбино, аз барф осеби ҷиддӣ дидаанд. Офати табиӣ вазъи хароби Колизейро боз ҳам харобтар кардааст.

Бориши барф ҳаракати нақлиёт дар кишварҳои гуногуни Аврупоро низ ба мушкил мувоҷеҳ кардааст. Дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Чех тақрибан сад мошин ба ҳам бархӯрданд ва дар натиҷа роҳбандие ба вуқӯъ пайваст, ки то ба 30 километр мерасид.
XS
SM
MD
LG