Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 низомии рус дар задухӯрде дар Ножай-Юрт


Дар як даргирӣ миёни нерӯҳои Русия ва афроди мусаллаҳ дар марзи миёни Чеченистону Доғистон чаҳор низомии рус кушта шуданд.

Ба иттилои хабаргузории РИА Новости, задухӯрд дар ноҳияи Ножай-Юрти Чеченистон то шаби гузашта идома дошт. Гуфта мешавад, ки мусаллаҳони мухолиф ҳам талафот дидаанд.

Ҷузъиёти дигар, аз ҷумла, дар бораи теъдоди низомиёне, ки дар ин амалиёт ширкат доранд, зери даст нест.
XS
SM
MD
LG