Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Маҷмааи кулли СММ раъйдиҳӣ ба тарҳи қатъномае сурат мегирад, ки дар он мақомоти Сурия барои хушунат алайҳи мардуми осоишта маҳкум шудаанд. Дар тарҳи пешниҳодкардаи Арабистони саудӣ ва Қатар ба истеъфои раҳбари Сурия Башор Асад ва зарурати таъсиси мақоми намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия ишора шудааст.

Дирӯз Башор Асад дар бораи рӯзи 26 феврал баргузор кардани ҳамапурсӣ оид ба Сарқонуни Сурия амр содир намуд. Дар Сарқонуни нав ваколати парлумон густурдатар ва интихобот дар кишвар озодтар шудааст. Амрико ваъдаи Асад барои ҳамапурсиро “хандаовар” номид ва аммо Русия аз ин тасмими Димишқ истиқбол кард.

Хушунат ва эътирозҳо дар Сурия идома доранд.
XS
SM
MD
LG