Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими кӯмак ба Юнон ҳафтаи оянда эълон мешавад


Сарфаи буҷа боиси эътирози мардуми Юнон шуд
Сарфаи буҷа боиси эътирози мардуми Юнон шуд
Вазирони молияи кишварҳои “минтақаи евро” дар як музокирот аз тариқи телеконфаронс гуфтанд, ки дар мавриди кӯмаки молӣ ба Юнон рӯзи душанбе тасмим мегиранд. Кишварҳоиминтақаи евро аз он бим доранд, ки баъд аз дарёфти кӯмаки 130 миллиард еврогӣ парлумони нави Юнон қонуни дар бораи сарфаи буҷа қабулшударо лағв мекунад.

Эвангелос Венизелос, вазири молияи Юнон ахиран аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз кишварҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, бар хилофи эъломияҳои расмияшон, барои ихроҷи Юнон аз минтақаи евро талош доранд. Вазир ҳушдор дод, ки ин гуна мавзеъгириҳо бозӣ бо оташро мемонанд ва паёмади хубе надоранд.

Агар Юнон бастаи нави кӯмаки молиро дастрас накунад, моҳи оянда варшикаста мешавад.
XS
SM
MD
LG